Дар шаҳри Левакант санги асоси муассисаи таълимӣ барои 640 хонанда дар ду баст гузошта шуд, ки маблағи он 10 миллиону 500 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Раиси шаҳри Левакант Давлатзода Зарина зимни тасдиқи ин хабар гуфт, ки фармоишгари лоиҳа Вазорати маориф ва илм буда, ташкилоти лоиҳасоз ҶДММ «Абрис» мебошад. Сохтмони муассиса аз ҷониби ширкати чинии «Поверчайна» анҷом дода мешавад.
Зикр карда шуд, масоҳати муассисаи таълимӣ беш аз 1,5 га заминро дар бар гирифта, сохтмони он бо харҷи 10 миллиону 500 ҳазор сомони амалӣ мегардад.
Хабар дода шуд, ки тибқи лоиҳа бинои муассиса 3-ошёна буда, аз 16 синфхонаи фаннию таълимӣ барои 320 нафар ҷойи нашаст дар як баст мебошад ва як бинои дуошёнаи варзишӣ, ду майдончаи варзишӣ хоҳад дошт.
Муассисаи мазкур дар мудати 1 солу 6 моҳ бояд сохта шавад.
Давлатзода Зарина гуфт, дар деҳаи Вахши ҷамоати деҳоти Ваҳдат низ як муассисаи таълимӣ қомат хоҳад афрохт. Тибқи лоиҳа ин бино дуошёна буда, аллакай ошёнаи аввали он аз ҷониби сохтмончиёни ҶДММ «КСО» бунёд гашта, корҳои сохтмонӣ дар ошёнаи дуюм идома доранд. Лоиҳа бо дастгирии Бунёди миллии иҷтимоӣ ва маблағгузории Бонки Рушди Олмон сохта мешавад. Ба иттилои масъулин аз набудани муассисаи таълимӣ дар деҳаи номбурда хонандагон азият мекашиданд ва ҳамарӯза баҳри азбар кардани илму дониш 3 километр роҳро тай мекарданд.
Хушбахтона, бо ба истифода додани муассисаи замонавӣ бо 10 синфхона ин мушкил рафъ хоҳад шуд. Ҳамчунин дар шафати муассисаи таълимии мазкур 3 синфхонаи иловагии касбомӯзӣ ба нақша гирифта шудааст. Зикр гардид, ки то моҳи феврали соли 2020 муассиса пурра ба истифода дода мешавад.