Мудири шӯъбаи занон ва кор бо оилаи ҳукумати шаҳри Панҷакент Мастона Муродзода овозаҳо дар бораи ба мансаби муовини раиси шаҳр таъйин гардиданашро рад кард.
— Ман дар ин бора хабар надорам, ягон чиз ҳам гуфта наметавонам — гуфт хонум Муродзода.
Чандест, ки дар Панҷакент сарусадоҳо дар бораи ба вазифаи муовини раиси шаҳр таъйин гардидани Мастона Муродзода байни сокинон баҳсеро пайдо кардааст. Гурӯҳе ба ин назаранд, ки мушкили занон ва ҷудошавии оилаҳо бе ин ҳам дар Панҷакет масъалаи ташвишовар аст ва фаъолияти Муродзода дар ин самт нокифоя мебошад. Ба вазифаи муовини раис, ки сарпарасти соҳаҳои асосӣ аз қабили идеология, фарҳанг, тандурустӣ ва ғайра мебошад, бояд шахсе таъин гардад, ки таҷрибаи бой ва маҳорати хуби корбарӣ дошта бошад.
Аммо гурӯҳе, низ аз ҷавонии Мастона Муродзода истиқбол намуда, мегӯянд, бояд чунин ҷавононро тарбия кард.
Курсии муовини раиси шаҳри Панҷакент баъди ба вазифаи муовини раиси вилояти Суғд таъин гардидани Зайнура Азимӣ холӣ гардид.