Як муҳоҷири тоҷикро дар Русия 11 зарбаи корд задаанд, ки дар натиҷа ба ҳалокат расидааст.  

Муҳоҷирони корӣ рӯзи 5-уми март ҷасади як шаҳрванди Тоҷикистонро аз Русия ба Душанбе фиристодаанд. Ин Амриддин Шарипови 58-сола, сокини маҳаллаи Лучоб аст, ки рӯзи 1-уми март дар Воронеж ба ҳалокат расидааст.

Мақомоти Русия ба муҳоҷирони тоҷик гуфтаанд, ҳамсояи руси Амриддин Шариповро бо иттиҳоми қатли шаҳрванди Тоҷикистон дастгир кардаанд.

Ин мард тақрибан 20 сол боз дар Русия кор мекардааст ва дар Тоҷикистон ду писару як духтар доштааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here