Марде дар шаҳри Турсунзода дар ҳолати мастӣ ба хонаи ҳамсари собиқаш рафта ӯро ба қатл расонидааст. Дар ин бора аз маркази матбуоти ВКД ҶТ хабар доданд.

Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 51-солаи сокини ҷамоати деҳоти Т.Тӯйчиеви шаҳри Турсунзода ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти куштор дастгир карда шудааст. Гумонбаршуда 26-уми сентябри соли 2017, тахминан соати 14:30, дар ҳолати мастӣ ба манзили истиқоматии собиқ ҳамсараш, зани 50-солаи сокини ҳамин шаҳр омада, бо ӯ ҷангу ҷанҷол карда, бо корди дар дасташ буда як маротиба ба шикамаш задааст ва аз ҷойи ҳодисаро такр кардааст. Дар натиҷаи ин зарба зани ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here