Аз ҷониби кормандони милитсия марди 26-солаи сокини шаҳри Истаравшан ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти куштор дастгир карда шудааст.

Ин мард, 28-уми декабри соли 2017, тахминан соати 23:10, дар ҳолати мастӣ ба хонаи марди 59-солаи сокини шаҳри Истаравшан рафта, бо ӯ муноқиша кардааст. Дар рафти даъво вай бо корди хоҷагӣ 2 маротиба ба қисмати дил ва шиками соҳиби хона зада, аз он ҷо фирор кардааст. Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here