Як марди 53-сола дар Душанбе ба гумони қатли саррофе дастгир шудааст.

6-уми марти соли 2018, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 53-солаи сокини кӯчаи 40-солагии Октябри шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти роҳзанӣ ва куштор дастгир карда шуд.

Номбурда, рӯзи 9-уми январи соли 2001, тахминан соати 14:00, дар кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ марди 52-солаи сокини кӯчаи Умари Хайёми пойтахтро, ки ҳамчун сарроф (шахсе, ки кораш табдили сикка ё арзи як кишвар ба пули роиҷи кишвари дигар аст) машғули фаъолият будааст, бо воситаи корд ба қатл расонида, 3000 доллари амрикоиро гирифта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here