Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба ҷониби Афғониятон ёддошт фиристодааст, то қазияи 2-юми декабр дар сарҳади ду кишвар рухдодаро, ки боиси марги афсари тоҷик шудааст, пайгирӣ кунад.

2 декабри соли 2017, соати 19:00, дар мавзеъи кӯҳии деҳаи Навободи ҷамоати деҳоти Саричашмаи ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон дувоздаҳ (12) нафар қочоқбарони мусаллаҳ – шаҳрвандони Давлати исломии Афғонистон бо роҳбарии Неъмат, Саттор ва Туғалӣ (сокинони вилояти Тахор) сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ғайриқонунӣ убур карда, ба қаламрави Тоҷикистон ворид шудаанд. Миёни сарҳадбонони Тоҷикистон ва қочоқбарони афғон муқовимати мусаллаҳона ба вуқӯъ пайвастааст. Пас аз ҳодисаи мазкур ҷинояткорон ба самти Афғонистон фирор кардаанд.

Дар натиҷаи ин бархӯрд сардори қисми сарҳадбонии мавзеъи мазкур полковник Хайриддин Аҳтамов захмӣ гардида, дар ҷои ҳодиса ҳалок шуд. Ҳамчунин чор (4) нафар сарҳадбони қисми мазкур, аз ҷумлаи афсарони он, ҷароҳат бардошта ба бемористон интиқол дода шудаанд.

Дар робита ба ин қазия ВКХ-и Тоҷикистон ёддошти расмиро ба ҷониби Афғонистон супорида, бо исрор талаб кардааст, то мақомоти вобастаи ҷониби Афғонистон ҳодисаи мазкурро мавриди пайгирӣ қарор диҳанд ва ҷиҳати дастгир кардани ҷинояткорони ҳодисаи мазкур иқдом намоянд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here