Дар ноҳияи Кушониёни вилояти Хатлон айни замон даҳҳо гармхона фаъолият доранд, ки дар онҳо навъҳои гуногуни маҳсулоти кишоварзӣ парвариш меёбанд.
Бино ба иттилои расида аз мақомоти маҳаллӣ, кишоварзони ноҳия дар парвариши помидору бодиринг таҷрибаи бой дошта, ҳамасола аз гармхонаҳо маҳсулоти дилхоҳ ба даст меоранд.
Деҳқонони ин ноҳия, ба ҷуз бозорҳои ҷумҳурӣ, маҳсулоти хешро ба хориҷи кишвар низ содирот мекунанд.
— Хоҷагии деҳқонии “Имоми Аъзам”-и ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳия дар майдони зиёда аз як гектар 11 адад гармхона ташкил намудааст. Ҳоло дар гармхонаҳо ин хоҷагӣ парвариши хуби помидор ба роҳ монда шудааст, — гуфт мутахассиси бахши кишоварзии ҷамоат Маҳмадамин Сайидов.
Ба иттилои ӯ аз ҳар гармхона то ду тоннаӣ помидор ва бодиринг гирифта мешавад.
Кишоварзон талош доранд, майдони гармхонаҳоро сол аз сол зиёд намуда, сокинони кишварро дар ҳама фаслҳои сол бо маҳсулоти тару тоза таъмин кунанд.