Дар ноҳияи Кӯшониён бо ташаббуси раиси ноҳия Вализода Икромиддин ва соҳибкорон ба сокинони ноҳия ангишти арзон бо нархи 70 дирам барои 1 килограмм дастрас гардид.

Аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия хабар доданд, ки дар фасли сармо бо нархи дастрас таъмин намудани аҳолӣ бо сузишворӣ, алалхусус, ангишт, бо ташабусси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва бо дастгирии роҳбарияти ширкати  “Мину-Фарм”, фурӯши ангишт бо нархи 70 дирам барои 1 кг ба сокинони ноҳия ба роҳ монда шуд.

Гуфта шуд, ки айни замон зиёда аз 50 тонна ангишт ба сокинони ноҳия фурӯхта шуд ва дар назар аст, ки боз миқдори муайяни ангишт бо нархи дастрас ворид карда шавад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here