Соли 2018  ба Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳияи Кушониён беш аз  1 ҳазору 1678 нафар корҷӯ муроҷиат кардаанд, ки ба 1526  нафари онҳо мақоми бекор дода шудааст, ки дар ин байни занон 40 дарсадро ташкил медиҳанд.

Сардори Раёати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳияи Кушониён Иброҳим Абдулоев зимни тасдиқи ин хабар гуфт, соли 2018 муроҷиати шахсони бекор ба шуъба зиёд шудааст. Ба гуфти ӯ дар ин давра ба шуъба  беш аз 1 ҳазору 678 нафар муроҷиат кардаанд, ки аз онҳо беш аз 1176 нафр бо ҷойи кор таъмин карда шудаанд.

Манбаъ афзуд, ки барои таъмини бекорон бо ҷойи кор  ва ба шуғл фаро гирифтани бекорон 14 ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ ва вазифаҳои озод дар ноҳия баргузор гашт, ки тариқи баргузории ин ярмаркаҳо 125 нафар бо ҷойи кори доимӣ  таъмин гардиданд.

Ба гуфти ӯ, инчунин дар соли 2018-ум 315 нафар ба курсҳои кутоҳмуддати омзуишӣ аз руйи ихтисосҳои адрасбофӣ, кор бо компютер, қуроқдӯзӣ қанодӣ, бофандагӣ, забономӯзӣ, қолибофӣ ҷалб карда шуда, соҳиби шаҳодатномаи малакаи касбӣ шуданд.

Иброҳим Абдулоев афзуд, ки ҳукумати ноҳияи Кушониён барои бештар таъмин намудани сокинони бекор бо ҷойи кор ва коҳиш додани сатҳи бекорӣ дар ноҳия нақшаву чорабиниҳо тартиб додааст.

Раҳмоналӣ  Додархӯҷаев

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here