Бо мақсади баланд бардоштани ҳуввияти миллии ҷавонон ва омодагии онҳо ба маъракаи дарпешистода — интихоботи вакилони парлумон, 10-уми феврал дар шаҳраки Донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон нишасти роҳбарияти Кумитаи ҷавонон ва варзиш бо донишҷӯёни донишгоҳи мазкур доир гардид.
Муовини роҳбари Кумитаи ҷавонон Назарзода Ризо Шодӣ ҳангоми суханронии худ, аз ҷавонон хост, то дар шароити хатарзои ҷаҳони муосир аз фарҳангу тамаддун ва арзишҳои миллии худ ҳифозат кунанд. Ӯ аз бегонапарастии ҷавонон сахт интиқод карда, таъкид дошт, ки ҷавонон то ҳадди имкон аз фарҳанги бегона канорагирӣ кунанд.
— Соле қабл варзишгари кишвари рус Ҳабиб Нурмугамедов дар муҳорибаҳои бидуни қоида баромад кард. Шаҳрвандони Тоҷикистон як моҳ қабл барои иштирок дар ин набард чиптаҳои сафарро харидорӣ карданд. Рӯзи набард, дар кӯчаҳои пойтахт бенизомиву ҳаёҳуйро барпо карданд, — гуфт Назарзода Ризо.- Вале як тоҷик имсол барои ба даст овардани 1 миллион доллари амрикоӣ дар чунин мусобиқа баромад кард, мухлисон мисли набарди Ҳабиб ӯро ҳаводорӣ накарданд.
Чанд рӯз пеш сомонаи мустақили иттилоотии “Ахбор” хабару наворе паҳн кард, ки дар он ҷавондухтари тоҷик бо лафзи қабеҳ ва таҳқиромезу бемаънӣ реп сароида, иффати зани тоҷикро зери суол бурд. Ин амали ӯ интиқоди шадиди корбарони шабакаҳои иҷтимоиро ба бор овард.
Назарзода Ризо ҳамчун намояндаи ниҳоде, ки ба кору амали ҷавонон назорат мебарад, ин амали ҷавондухтари тоҷикро бемаънӣ ва ғайри қобили қабул шумурд.
— Аз ин чизҳои бегона шумо бояд худро дур нигоҳ доред. Дирӯз дар шабакаҳои интернетӣ ҳамаи шумо тамошо кардед, ки як ҷавондухтари тоҷик “репер” шудааст. Ӯ дар сароидани реп чунон суханҳое гуфтааст, ки он ба фарҳанги зану модари тоҷик тамоман рост намеояд, — бо афсӯс таъкид кард Назарзода Ризо. — Навори ин ҷавондухтарро боз ҳамонҳое дар Интернет гузоштаанд, ки ин корро ба ӯ худи онҳо омӯзонидаанд. Бо ин амалаш ин духтари тоҷик фарҳанги пурғановати моро паст зад.
Назарзода дар ҷараёни суҳбати худ аз фарҳанги пасти либоспӯшии баъзе ҷавонон интиқод кард.
— Дар ҳеҷ давр зани тоҷик, он рӯймоли сиёҳу шими “ҷинс” ва каблук (карасовки)- е, ки шумо дар тан доред, ба бар накарда буд. Ҳама вақт рӯймоли сафеду, пероҳани атласу чакан ва шоҳӣ қомати модари тоҷикро зеб медод, — гуфт ӯ.
Ин намояндаи Кумитаи ҷавонон аз донишҷӯёни толор талаб кард, то ба донишгоҳ барои диплом рафта наоянду дар роҳи азхуднамоии касбу ҳунар ва илму дониш ҳамаҷониба талош ба харҷ диҳанд.