Мутобиқи қарори шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, ки 21-уми апрел ба имзо расид, моҳи Рамазон дар кишвар 24-уми апрел оғоз мегардад. Дар ин хусус дафтари матбуотии Кумитаи дин хабар дода, мегӯяд, мувофиқи ҳисоби шаръӣ аз 21 ҳазор сомонӣ бояд 525 сомонӣ  супорида шавад.

Садақаи фитр мувофиқи меъёрӣ шаръӣ ба ҳисоби гандум 5 сомонӣ муайян карда шудааст. Дар ҳамин қарор гуфта мешавад, ки закот ба бемороне, ки ба шифоёбиашон умеде нест, дар моҳи Рамазони имсола 300 сомонӣ муқаррар гардидааст.

Қаблан, Кумитаи дин бо мақсади ҷилавгирӣ аз вируси корона намозҳои дастаҷамъии сокинонро дар масоҷиди кишвар манъ карда, аз сокинон хоста буд, то дар моҳи Рамазон намози таровеҳро дар хона хонда, аз ифторҳои дастаҷамъӣ ва идгардак худдорӣ кунанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here