Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ Абдуллозода Аҳтам Рустам сару садоҳоро дар мавриди аз ҷайби худи варзишгарон сафарбар шуданашон ба мусобиқоти сатҳи ҷаҳониро рад карда, сабабҳои ба чунин ҳолат рӯ ба рӯ шудани Набимуҳаммад Хоркашевро дар чемпионати ҷаҳон оид ба самбо, ки соли гузашта дар Сочӣ баргузор гардид, шарҳ дод.

Номбурда, имрӯз, 12-уми феврал дар нишасти матбуотӣ гуфт, қабл аз баргузории ҳар чемпионати ҷаҳон омодагиҳо ва тамринҳои ҷиддии ҳаматарафаи варзишгароне, ки тибқи руйхати таъсисдодаи Кумита дар ин мусобиқаҳо ширкат мекунанд, дар сатҳи баланд ташкил карда мешаванд.

— Ҳамаи хароҷоти ин тамринҳо аз ҳисоби буҷаи давлат пардохт карда мешаванд. Набимуҳаммад Хоркашев низ ҳамчун узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба самбо ба ин рӯйхат ворид шуда буд, вале мутаассифона, ягон маротиба дар тамринҳо иштирок накард. Новобаста аз ин, номи Набимуҳаммад Хоркашев дар руйхати варзишгарони ширкаткунанда дар чемпионати ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Сочии Русия шомил карда шуд. Яъне, аз ҷониби Кумита тамоми чораҳо барои иштироки ӯ андешида шуданд. Ду сол қабл, дар чемпионати Осиё, ки дар шаҳри Тошканд баргузор гардид, айни ҳолат бо Хоркашев рух дода буд. Номи ӯ дар рӯйхати варзишгарони иштирокчӣ буд. Ҳама хароҷоти будубошаш аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ҷудо гардида буд ва то сарҳади ҷумҳурии Узбекистон ҳам сармурабии даста, ҳам варзишгарон ва мураббии шахсиаш бо ӯ дар тамос буданд. Муттаасифона, ӯ дар чемпионати Осиё иштирок накард. Ҳар як мураббӣ худаш метавонад, қарорашро барои иштироки шогирдаш дар мусобиқаҳои байналмиллалӣ барорад. Бо назардошти ҳолати иштирок надоштанаш дар тамринҳо ва мусобиқаҳои қаблӣ, сармураббии даста ҳам ширкат накардани ӯро дар мусобиқаи ҷаҳонии самбо низ аз эҳтимол дур надонист. Фикр кунед, агар як узви дастаи футбол дар тамринҳои пеш аз мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ иштирок намекунад ва як рӯз пеш меояд ва мегӯяд, ки дар бозӣ иштирок мекунад. Оё мураббӣ метавонад, ӯро ба майдони футбол роҳ диҳад? — гуфт Абдуллозода.

Сармураббии дастаи мунтахаби самбои Тоҷикистон Носир Бозоров гуфт, борҳо ба Хоркашев муроҷиат кардаанд, то ба тамрингоҳ ҳозир шавад, вале ӯ бепарвоӣ зоҳир кардааст.

— Бо вуҷуди ин номи ӯро дар рӯйхат боқӣ гузоштем ва ҳама хароҷоти чоррӯзаашро барои будубош дар Русия муҳайё кардем, ба ҷуз роҳкиро, ки 5000 сомонӣ буд. Ин бори аввал нест, ки варзишгар бепарвоӣ карда, дар тамринҳо ширкат намекунад. Ӯ як рӯз пеш аз парвоз омад ва гуфт, ки дар мусобиқа иштирок мекунад, — гуфт Бозоров.

Масъулини Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш мегӯянд, тартиб ва интизом, новобаста ба дастовардҳои варзишгар дар тамоми сатҳ бояд таъмин бошад ва вақте ки давлат барои тамринҳо, махсусан барои машқҳои дастаҷамъӣ, маблағ ҷудо мекунад, узви дастаи мунтахаб уҳдадоранд, ки дар машқҳои дастаҷамъӣ иштирок кунанд.

Ёдовар мешавем, ки паҳлавони номдори тоҷик Набимуҳаммад Хоркашев рӯзи 12-уми ноябри соли 2017 дар баробари ҷаҳонпаҳлавон Беҳрӯз Хоҷазода, дар чемпионати самбои ҷаҳон дар шаҳри Сочии Русия дар вазни беш аз 100 кг маротибаи панҷум соҳиби зинаи дуюм ва медали нуқра гардид.

Набимуҳаммад дар намуди самбои варзишӣ пас аз се пирӯзӣ бар рақибонаш Александр Фисчеттӣ (ИМА), Ҳакимҷон Исмоилов (Узбекистон) ва Клаудӣ Коумен (Камерун) ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт. Муттаасифона, ӯ дар қувваозмоии ҳалкунанда аз паҳлавони Русия Артём Осипенко, ки панҷ маротиба чемпиони ҷаҳон шудааст, аз рӯи имтиёз бо ҳисоби 0:1 мағлуб гашт.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here