Котиби суди шаҳри Ҳисор Суҳробзода Ҷаҳонгир аз тарафи кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ҳангоми гирифтани 4500 сомонӣ пора дастгир шудааст. Дар ин бора аз маркази матбуоти Агентӣ хабар доданд.
Шаҳрванд “А” ба Агентӣ бо ариза муроҷиат кардааст, ки котиби суди шаҳри Ҳисор бо номи Ҷаҳонгир ба боварии ӯ даромада, барои ба манфиати ӯ ҳал кардани баҳси қитъаи замини наздиҳавлигӣ 4000 сомонро гирифта, боз овардани 4500 сомониро талаб кардааст.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Суҳробзода Ҷаҳонгир зимни аз шаҳрванд «А» гирифтани 4500 сомонӣ дастгир карда шуда, ин маблағ аз ӯ чун далели шайъӣ гирифта шуд.
Нисбати котиби суди ноҳияи Ҳисор Суҳробзода Ҷаҳонгир бо моддаи 247, қисми 2, бандҳои «в,г»-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди ба анҷом расидани тафтишоти пешакӣ он бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои баррасӣ ба суд ирсол карда шудааст.