Ширкати Tcell дар якҷоягӣ бо ҶСП “Аввалин бонки молиявӣ” барои кулли сокинони Тоҷикистон корти муштараки бонкии “Корти Осон”-ро пешниҳод мекунад. Корти муштараки «Корти Осон»-ро дар марказҳои хизматрасонии Tcell, ки дар нуқтаҳои хизматрасонӣ дар Душанбе, ноҳияҳои тобеи марказ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва ВМКБ ҷойгиранд, фаъол кардан мумкин аст

Бартарият ва афзалияти аслии «Корти Осон» — равиши осони интиқол ва гирифтани пул аст. Дар давоми чанд дақиқа пас аз дархост бо «Корти Осон» дарёфти маблағ дар ҳисоби корт имкон дорад!

Интиқоли мустақими пул ба корт- роҳи осон ва фоидаовари ирсоли маблағ ба Тоҷикистон тавассути низоми интиқоли пул («Contact», «Юнистрим», «Золотая Корона», «Blizko» «Western Union» ва ғайра) мебошад. Барои ирсоли маблағ ба «Корти Осон» танҳо донистани рақами корт ва дарёфткунанда (гиранда)-и пул зарур асту бас. Пулҳоро бо асъорҳои мухталиф- рубли русӣ, доллари амрикоӣ ва ё ЕВРО ирсол кардан мумкин аст. Маблағ ба ҳисоби дарёфткунандаи пул дар шакли арзи миллӣ- сомонӣ ва бо қурби ҳамонрӯзаи Аввалин бонки молиявии хурд, ки барои муштариён дар сомона дастрас аст, гузаронида мешавад.

Ҳузури инфиродии муштарӣ ба бонку бахшҳои он аллакай дар гузашта монд!Барои дарёфти маблағ зарур нест, ки кадом санадро пур намоед ва ё дар навбати тӯлонӣ биистед, ҳисоби Шумо ба гунаи зуд ва хеле қулай дар корт мегузарад. Ба таври нақдӣ, бе комиссия ва бо асъори миллӣ- сомонӣ, ё доллари ИМА гирифтани маблағ низ аз банкоматҳои Аввалин бонки молиявӣ ҳеч душворӣ надорад!

Соҳибони кортҳои  «Корти Осон» имконияти бесобиқаи истифода аз ҳисоби кортии худро доранд, агар онро ба ҳамёни мобилии ТезСум пайваст намоянд! Бо ёрии ҳамёни инфиродӣ (шахсӣ)-и ТезСум дар реҷаи шабонарӯзӣ (24/7) имкони пардохтҳои гуногуни ғайринақдиро аз корт ва 150 намуди хизматрасониро доред: пардохтҳои коммуналӣ, интернети хонагӣ ва телевизион, ҷаримаҳои ҳаракат дар роҳ, қарзҳои бонкӣ ва ғайраҳо.

Ҳамчунин, тавассути корти мазкур пардохтҳои ғайринақдиро дар ҳама фурӯшгоҳҳо ва идораҳи марбути бахши тиҷорати Тоҷикистон, ки Корти Миллиро қабул доранд, бе комиссия анҷом додан мумкин аст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here