Лоиҳаи ширкати Tcell дар бахши омӯзишу парвариш — «Форуми боз» тайи 3 соли ахир амалӣ мешавад. Ширкат тасмим дорад, ки дар наздиктарин фурсат баргузории форумҳоро на фақат дар Душанбеву Хуҷанд, балки дар дигар минтақаҳо низ роҳандозӣ намояд. Сухангӯён ба дафтарҳои намояндагии Tcell дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон рафта, ба мухотабон доир ба ин ё он масъалаи маорифу омӯзиш суҳбат хоҳанд кард.
“Форуми боз” аз Tcell – ин як майдон (платформа) барои табодули таҷриба миёни суханрон ва мухотабон аст. Ширкат дар форумҳои боз аз Тселл барои ҳама комилан ройгон аст: хонандагони мактабҳо, устодони касби худ ва куллияи онҳое, ки чизеро омӯхтанӣ ҳастанд ва ё меомӯзонанд, дар нишастҳо иштирок менамоянд.
Аз моҳи июни соли 2015 ба ин сӯ беш аз 50 “Форуми боз” дар ширкат баргузор шудааст. Сухангӯён бошанд аз бахшҳои гуногун: телекоммуникатсия, молия, тиҷорат, фарҳангу санъат, бозорёбӣ (маркетинг), равоншиносӣ, забоншиносӣ, суратгирӣ (аккосӣ), наворгирӣ ва ғайра дар ин ҷо ҳузур ёфтанд.
Дар соли 2015 ин тарҳ бо он шурӯъ гардид, ки бархе аз кормандони ширкати Tcell дар назди ҳамкорони худ баромад карда, аз таҷриба ва ҷараёни кор, инчунин паҳлуҳои дигари фаъолияташон нақл намуданд. Бо гузашти чанд моҳ, майдони табодули таҷриба ва сухангӯён васеътар гардида, мураббиёну коршиносони дохиливу байналмилалӣ аз бахшҳои гуногун ба лоиҳа таваҷҷуҳ зоҳир карданд.
Ҳамин тавр, дар Tcell инҳо дар ҳамоишҳо ширкат ва суханронӣ доштанд: Алекс Лонг, масъули ширкати Google дар минтақаи Уқёнуси Ором, Сергей Долженков, равоншинос, мушовир оид ба созмони тавсеавӣ (рушд) аз Қирғизистон, Денис Баталин, коршиноси диҷитол-бозорёб (digital-маркетинг) ва тарғиби онлайни оҷонсии «Adconsult», Нона Маҷидӣ, муовини раиси шӯроҳои амрикоӣ оид ба омӯзиши байналмилалӣ, Лейла Амонгоссова, мутахассис дар тавсеаи бозорёбӣ, хадамот ва фурӯш аз Қазоқистон.
Тайи соли равон (2018) бошад, Шараф Давлатов, сарвари American Space Dushanbe дар мавриди фаъолият ва дастовардҳои “Гӯшаи Амрико” дар Душанбе нақл карда, Карина Сафоева, мудир оид ба рушди ширкати «55 Group» дар бораи чӣ тавр муваффақ шудани духтарон дар Тоҷикистон аз дидгоҳу таҷрибаи шахсияш сӯҳбат доштанд. Кахрамон Бакозода, директори маркази таҳқиқотии «Зеркало» иштибоҳҳои асосиро дар фаъолияти тоҷирони навкор шарҳ дода, роҳи бурунрафтро аз мушкилро тавзеҳ дод. Лейла Амонгоссова бо мухотабон (аудитория) бозии тиҷоратиро роҳандозӣ карда, шаклгирии арзишҳоро барои коллектив ва кормандон бо мислоҳои мушаххас баён сохт. Рустам Хоҷаев и Комил Раҷабов, намояндагони созмони Tajikistan Oracle User Group чигунагии вазъ ва рушди IT-технологияро ба иштирокчиён бозгӯ карданд.
Лоиҳаи «Форуми боз дар Tcell» дар миқёси байналмилалӣ низ қадрдонӣ ёфт: моҳҳои ноябр ва декабри соли 2016 тарҳи мазкур барандаи ду ҷоиза- «Беҳтарин рӯйдоди омӯзишӣ»-и озмуни EACA (Event Awards Central Asia) ва «Беҳтарин тарҳи иҷтимоии омӯзишӣ»-и мукофоти Global Event Awards гардид. Маврид ба ёдоварист, «Форумҳои боз»-и Тселл дар байни 84 лоиҳа аз 11 мамлакат, ки ба озмун пешниҳод шуда буданд, беҳтарин яке аз беҳтаринҳо эътироф гардиданд.