Мувофиқи омори расмие, ки нашр мешавад, дар як ҳафтаи охир зиёдтар аз 70 ҳазор нафар аз сирояти коронавирус ба ҳалокат расидаанд. Тӯли як ҳафтаи охир шумораи сироятёфтагон аз коронавирус дар ҷаҳон бештар аз 3,5 миллион афзоиш ёфтаааст.

То имрӯз 54,3 миллион нафар аз коронавирус сироят ёфтаанд ва 1,32 миллион нафар ба ҳалокат расидаанд. Шумораи шифоёфтагон дар ҳафтаи охир наздики 4 млн нафар буда, ҳамагӣ 35 миллион нафар шифо ёфтаанд.

Шумораи бештари гирифторони ин вирус ҳоло ҳам дар ИМА ба қайд гирфта шудаанд, ки 11,1 миллион нафаранд ва 246 ҳазор кас ба ҳалокат расидаанд, аммо шумораи шифоёфтагон дақиқ нест.

Дар Ҳиндуст наздики 8,85 миллион нафар гирифтори CoViD-19 шудаанд, ки 130 ҳазор кас ба ҳалокат расидаанд. Дар ин ҷо низ шумораи шифоёфтагонро дақиқ накардаанд. Дар Бразилия, ки дар ин рӯйхат сеюм аст, 5,86 миллион каси сироятшуда маълум шудаанд. Дар ин ҷо 166 ҳазор кас қурбони ин вирус гаштаанд ва 5,29 миллион кас шифо ёфтаанд.

Дар Тоҷикистон то шоми дирӯз шумораи умумии гирифторон 11610 нафарро ташкил мекард. Ба иттилои Вазорати тандурустӣ дар як рӯзи гузашта 37 ҳолати нави сироят аз вирус ба қайд гирифта шудааст. Дар як ҳафта расман 2 нафар аз ин вирус ба ҳалокат расидаанд, ки шумораи умумии фавтидагон 85 нафар гуфта мешавад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here