Мувофиқи маълумоти марказҳои назорат ва пешгирии бемориҳои Кореяи Ҷанубӣ дар ин кишвар 256 ҳолати нави сироятёфтагон ба коронавирус, ба қайд гирифта шудааст. Ба иттилои Renhep шумораи умумии мубталоён ба вируси нав дар Кореяи Ҷанубӣ ба 2 ҳазору 22 нафар расидааст.

Ҳамагӣ ду рӯз пеш шумораи сироятёфтагон ба 1 ҳазор нафар расида буд, аммо дар тӯли ин ду рӯз афзоишёбии мубталоён ба коронавирус, боиси нигаронии зиёд дар ҷаҳон гардидааст. Ёдовар мешавем, ки Кореяи Ҷанубӣ баъд аз Чин яке аз давлатҳои вирусзадае мебошад, ки аз рӯйи шумораи сироятёфтагон ба вирус дар ҷойи дуюм меистад.

Ба иттилои Интерфакс то ба имрӯз дар Кореяи Ҷанубӣ 13 нафар бо сабаби мубтало шудан ба коронавирус ҷон бохтаанд. Аз 256 ҳолати нави мубталоёфтагон ба вируси нав 182 ҳолати он дар Дегу ва 49 ҳолати дигар ба Кёнсонги Шимолӣ рост меояд.

Инчунин, Созмони ҷаҳонии беҳдошт хабар дод, ки то рӯзи 27-уми феврал 46 кишвар аллакай дар бораи ҳолатҳои бақайдгирии сироятёфтагони коронавирус, иттилоъ додаанд. Ҳамчунин, дар ҳамин робита рӯзномаи Ҳонгконг South China Morning Post рӯзи 28 уми феврал хабар дод, ки  дар Италия низ ҳолат ташвишовар буда, 300 нафар баз коронавирус сироят ёфтаанд ва 11 нафар фавтидааст.

Маврид ба зикр аст, ки вируси нав халқи ҷаҳонро нигарон кардааст ва давлатҳо талош доранд, то воксинаи онро пайдо кунанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here