Зуҳри рӯзи чоршанбе як ҳавопаймои ҳомили ёрии башардӯстона аз майдони ҳавоии Тошканд ба сӯи майдони ҳавоии Пекин парвоз кард. Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати хориҷаи Ӯзбекистон ба мухбири “Фараж” иттилоъ дод. Гуфта мешавад, ки аз тариқи ин ҳавопаймо воситаҳои аз коронавирус ҳимоякунанда  интиқол дода шуданд.

Дар айни ҳол, ба гуфтаи ноиби вазири тандурустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Баҳодир Юсуфалиев, маводи тайёркардаи онҳо аз дастпӯшакҳо, болопӯши резинии махсус, ниқобҳои филтркунандаи тиббӣ ва амсоли он иборатанд.

— Вазъият дар кишвари Чин муташанниҷ аст ва наздик ба 42 ҳазор нафар аз ин вирус сироят ва бемор шудаанд. Тақрибан ҳазор нафар аз сирояти ин беморӣ ба ҳалокат расидаанд. Дар чунин вазъияти ногувор мо бояд бо Ҷумҳурии халқии Чин ҳамкорӣ кунем ва ёрии лозимаро  расонем, — мегӯяд Баҳодир Юсуфалиев.

Ёдовар мешавем, ки қаблан садҳо шаҳрванди Ӯзбекистон аз марзҳои Чин ба кишварашон интиқол дода шуданд. Онҳо муддати карантини дуҳафтаиро сипарӣ мекунанд. Гуфта мешавад, дар ҳоле ки нисбати 771 нафар корҳои профилактикӣ амалӣ шуданд, аммо дар миёни онҳо ягон нафар ба ин вирус сироят нашудааст.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд 

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here