Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тасмим гирифтааст, ки барои мубориза муқобили коронавирус ба Тоҷикистон 1 миллиону 690 ҳазор доллари амрикоӣ кӯмак кунад.

Сафорати ИМА дар шаҳри Душанбе рӯзи 6-уми май бо пахши иттилоияе иброз дошт, ки кӯмакҳо ба Тоҷикистон тариқи Маркази назорат ва пешгирии бемориҳо  интиқол меёбад.

Пештар ИМА барои пешгирии коронавирус ба Тоҷикистон 866 ҳазор доллар ёрӣ карда буд.

Гуфта мешавад, ки ИМА давоми бист соли охир, ба бахши тандурустии Тоҷикистон 125 миллион доллар кӯмак кардааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here