Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон сару садоҳоро дар мавриди олуда будани як нафар ба коронавирус аз миёни 46 донишҷӯе, ки қаблан аз шаҳри Вуҳани Чин ба кишвар оварда шуда буданд, рад мекунад.
Сухангӯи вазорати мазкур Бибибхонум Дарвешзода дар суҳбат ба “Фараж” гуфт, ҳамаи донишҷӯён ҳамроҳ бо ҳайати 13 нафар аз ҳисоби кормандони вазорат ва мақомот, ки барои интиқолашон ба Чин рафта буданд, дар осоишгоҳи “Харангон” таҳти назорат қарор доштанд. Ба иттилои Дарвешзода, субҳи имрӯз, 26-уми феврал, ҳамаи онҳо сиҳату саломат ба хонаҳояшон ҷавоб дода шуданд.
— Овозаҳо дар бораи гирифторӣ ба коронавирус дар Тоҷикистон асоси воқеӣ надоранд. Агар ягон ҳолати гирифторӣ ба ин вирус дар кишвар пайдо шавад, мо ҳатман хабар медиҳем. Ин чизи муҳим аст. Коронавирус чизе нест, ки онро пинҳон кунем. Бояд хабар диҳем, то мардум аз эҳтиёт кор бигиранд. Ман худам дар маҷлисҳои субҳгоҳии мутахассисон дар вазорат иштирок мекунам. Агар ягон ҳолат ҷой дошта бошад, ҳатман гап мезананд. Худо накунад, ки бошад. Масалан, мешавад ҳолате, ки ҳарорати одам дар вақти ташхис каме баланд аст. Ин ба он маъно нест, ки ӯ ба вирус олуда шудааст. Шояд аз ҳисоби зуком ва ё дигар ҳолатҳо ба вуҷуд омада бошад, вале то имрӯз ягон нафар бо нишонаҳои коронавирус дар ҳудуди кишвар ба қайд гирифта нашудааст, — гуфт Дарвешзода.
Ба андешаи ин масъули Вазорати тандурустӣ, акнун хатар ба Тоҷикистон аз ҷониби Афғонистон таҳдид мекунанд. “Бояд беш аз пеш боэҳтиёт бошем”, — гуфт ӯ.
Рӯзи гузашта Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки то 24 феврал 1148 нафар шаҳрванде, ки аз 1 феврал аз Чин ба кишвар ворид гардидаанд, дар беморхонаҳои сироятии мамлакат қарантин шудаанд. Аз ин ҳисоб то ба 24-уми феврал 882 нафари онҳо аз беморхонаҳои сироятӣ мураххас гардида, айни ҳол 266 нафар дар қарантинанд.
Ёдовар мешавем, ки нишонаҳои коронавирус авоили имсол дар шаҳри Вуҳани Чин ошкор гардид ва гуфта мешавад, то кунун дар саросари дунё 80 ҳазор нафар ба он гирифтор шудаанд. Аз ин ҳисоб қариб 2600 нафарашон аллакай ҷон додаанд, ки қисми бештарашон шаҳрвандони Чин мебошанд.
Ахиран, афзоиши теъдоди олудашудагон ба коронавирус президенти Амрико Доналд Трампро низ нигарон кардааст. Трамп гуфтааст, ки барои мубориза бо ин вирус аз Конгресс 2,5 миллиард доллар талаб хоҳад кард ва беш аз 1 миллиард доллараш барои омода кардани ваксина ва муҳофизати аҳолии Амрико аз вирус истифода карда мешавад.