Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) аз паҳншавии босуръати коронавирус дар Амрико изҳори нигаронӣ кардааст. Ба иттилои ин созмон, дар ҷаҳон дар як рӯз (1-уми июл) зиёда аз 160 ҳазор ҳолат ба қайд гирифта шудааст, ки 52 ҳазораш ба ИМА рост меояд.
Хурӯҷи дубораи коронавирус сабаби аз ҷониби мақомоти ин кишвар бекор кардани амрҳои қаблӣ дар мавриди кушодани тарабхонаву маконҳои истироҳатию тафреҳӣ гардидааст.
Гуфта мешавад, бар асари COVID-19 дар Амрико танҳо рӯзи 1-уми июл 700 ва дар маҷмӯъ 128 ҳазор нафар ҷон бохтаанд. ИМА аз рӯи теъдоди мубталоён ба коронавирус пешсаф аст. Шумори мубталоёни коронавирус дар ҷаҳон то рӯзи гузашта 10,5 миллион нафарро ташкил додааст, ки 2,6 миллион кас дар Амрико ба қайд гирифта шудааст. Баъд аз Амрико Бразилия бо шумори 1 408 485, Русия — 647 849, Ҳиндустон — 585 792, Британияи Кабир — 312 654, Испания — 296 351, Перу — 285 213, Чили — 279 393, Италия — 240 578 ва Эрон — 227 662 ба руйхати кишварҳои мубталоёни зиёддошта шомиланд.
Тибқи омори рӯзи гузашта, дар Тоҷикистон беморони COVID 5954 нафарро ташкил додаанд, ки 4 568 нафарашон шифо ёфта, 52 кас ҷон бохтаанд.