Коронавирус марҳила ба марҳила ҳудуди Чину мамлакатҳои наздисарҳадии онро убур карда ба кишварҳои дигари дунё интиқол ёфтааст. Сару садоҳо атрофи ба Тоҷикистон интиқол ёфтани он мардумро ба таҳлука оварда, сокинони пойтахт ва навоҳии гирду атрофи он, бо далели дар оянда баста шудани фурӯшгоҳҳои бузург, орду дигар маҳсулоти ниёзи аввалро захира мекунанд.

Тибқи мушоҳидаи хабарнигори вебгоҳи хабарии Faraj.tj субҳи 4-уми март сокинон дар КВД “Бозори Саховат” 5-6 халтаӣ орд харидорӣ мекарданд. Дар навбати харидани орд ба бетартибӣ роҳ медоданд.

Дар корхонаву идораҳо, муассисаҳои таълимӣ кӯчаву нақлиёти истифодаи умум ҳама атрофи вабои нав – коронавирус фарзиягӯӣ доранд. Коронавирус ин шабу рӯз барои корбарони шабакаҳои иқтимоӣ мавзӯи марказӣ шудааст. Ҳама мехоҳад худро табиб вонамуд карда, чораҳои пешгирикунандаро ба мардум фаҳмонад. Журналистони шаҳрвандӣ низ дар шабакаҳои иҷтимоӣ яке аз дигаре худро дар расонидани иттилоъ пешқадам нишон доданд мехоҳанд.

Бино ба изҳороти расмии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки шоми 4-уми март ироа кард, то имрӯз дар кишвар ягон ҳолати гирифтори ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст, вале чораҳои пешгирикунанда рӯз аз рӯз бештар мешавад.

— Чораҳои пешгирикунандаи сирояти мазкур набояд сокинони ҷумҳуриро ба таҳлука андозад. Бояд таъкид намуд, ки танҳо чораҳои роҳандозикардашуда, аз ҷумла худдорӣ намудан аз иштирок дар олимпиадаҳои байналмилалӣ , сафар ба кишварҳое, ки дар онҳо вируси мазкур ба қайд гирифта шудааст, муваққатан худдорӣ намудан, аз намозгузории дастаҷамъона дар масҷиди ҷомеъ, панҷвақта ва ҷамоъахонаҳо ба истиснои намози ҷаноза ва манъи муваққатии чорабиниҳои оммавӣ ба хотири пешгирии сирояти коронавирус дар Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд, — омадааст дар баёнияи хадамоти матбуотии Вазорати тандурустӣ.

Вазорати тандурустӣ барои пешгирӣ аз коронавирус ба сокинон тавсия додааст, ки гигиенаи шахсиро риоя намуда , дастонро тез-тез бо собун ва ё маҳлулҳои безараргардонанда шӯянд. Барои баланд бардоштани иммунитет меваҷоту сабзавот зиёд истеъмол кунанд. Дар ҷойҳои серодам камтар гаштугузор карда, ҳангоми дар чунин ҷойҳо гаштугузор кардан аз ниқобҳои махсус истифода баранд. Як муддат аз дастӣ салом кардан ва ҳамдигарро ба оғӯш гирифта бӯсобӯсӣ кардан худдорӣ намоянд.

Вазорати маориф ва илм овозаи бо гумони паҳни коронавирус дар муассисаҳои таълимӣ ҳолати қарантин эълон шударо рад кардааст. Сухангӯи Вазорати маориф Эҳсони Хушбахт дар саҳифаи фейсбукиаш навиштааст, ки “дар ҳеҷ як муассисаи таълимӣ дарсҳо қатъ нашудааст ва ба ҳеҷ як муассисаи таълимӣ дастур нашудааст, ки хонандагон ҳатман аз ниқоб истифода кунанд”.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here