Ин шабу рӯз масъалаи вусъатёбии вируси чинӣ ҷомеаи ҷаҳониро ба ташфиш оварда, таваҷҷуҳи воситаҳои ахбори омма ҷаҳонро сӯйи Чин равона кардааст.

Ахиран, Созмони ҷаҳонии тандурустӣ эълон кард, ки аввалин ваксинае, ки бояд бар муқобили коронавирус ихтироъ шавад, дар назар аст, то 18 моҳи оянда дастрас шавад.

— Пас, моро мебояд ҳама корро бо истифода аз имкониятҳои дастрас анҷом диҳем, — гуфтааст раиси Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрес Адханом.

Бо вуҷуди чораҳои пешгирикунанда, рӯз аз рӯз шумораи гирифторон ба ин вирус афзоиш меёбад. Мақомоти маҳалии тандурустии Вуҳан мегӯянд, ки шумораи фавтидагон бар асари вирус дар Ҳубей 242 нафар афзоиш ёфта, рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта, миқдори фавтидагон ба 1350 нафар расидааст. Дар назорати нав комиссияи тандурустии Ҳубей боз 14 ҳазору 840 ҳолати нави гирифтори ба ин вирусро ошкор кардаанд. То кунун ин вирус ба 28 давлати дунё интиқол ёфта, шумораи гирифторони он наздики 43 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Аз ҳама бештар шаҳрвандони Чин мубталои ин вирус буда, 9-уми феврал пурқурбонитарин рӯз  аз лаҳзаи хуруҷи вирус ба ҳисоб мерафт. Дар ин рӯз 103 шаҳрванди ин кишвар бар асари вирус фавтиданд.

Сатҳи ҳалокат дар миқёси Чин то 13-уми феврал ба 1111 нафар расида, 2015 нафари дигар мубталои ин беморӣ гардидаанд. Дар саросари ҷаҳон 48 ҳазор нафар аз ин вирус сироят ёфтаанд.

Дар ҳамин ҳол, чанде аз кишварҳои дунё робитаи худро бо Чин қатъ карда, шаҳрвандони худро аз ин ҷо ба кишвари худ интиқол медиҳанд. Ҳукумати Тоҷикистон низ 11-уми февлал 54 шаҳрванди худро аз маркази коронавирус – шаҳри Вуҳан ба ватан баргардонд.

Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон 7 нафар аз сокини кишвар бинобар сабаби баландии таби баданашон, натавонистанд ба кишвар ворид шаванд. Инчунин, 3 касии дигар барои омадан ба ватан розӣ нашуда, дар Вуҳан мондаанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here