Корхонаҳои Тоҷикистон барои нуҳумин бор бо мусоидат ва дастгирии Маркази тиҷорати байналмилалӣ (МТБ) меҳмони намоишгоҳи байналмилалии “Текстиллегпром”, ки азимтарини намоишгоҳи махсус дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустаќил аст, мегарданд. Он аз 29-уми август то 1-уми сентябр дар шаҳри Маскав сурат хоҳад гирифт.

Имсол корхонаҳои нассоҷиву дӯзандагии зерин имкони густариши бозори берунаи худро пайдо кардаанд: «Ваҳдат» ва “ХИМА-Текстил” аз ноҳияи Ёвон, “Лидер”, “Ортекс”, “Раҳимов А.А.” ва «РБТ Тоҷикистон» аз шаҳри Хуҷанд, «Ноҳид» аз шаҳри Истаравшан, “Меҳровар” аз шаҳри Қӯрғонтеппа ва “Олим Текстайл” аз ноҳияи Мастчоҳ.

Корхонаҳои Тоҷикистон дар намоишгоҳи Маскав ҳам маҳсулоти хом ба монанди ришта, матоъ, либосворӣ, матоъи пахтагин, ва ҳам маҳслуоти тайёр ба монанди ҷӯроб, либоси мардонаву занонаву кӯдакона, либоси махсус, трикотаж, ва либоси

тагпӯши мардонаву занона мебаранд.

Ин сафар ва иштироки корхонаҳои зикршуда дар намоишгоҳи Маскав бо маблағгузории Ҳукумати Швейтсария дар чорчӯбаи Барномаи ҳамкориҳо дар соҳаи тиҷорат баргузор мегардад. “Текстиллегпром”, ки боз ҳамчун Намоишгоҳи тиҷоратии федералии нассоҷӣ ва маҳсулоту таҷҳизоти саноати сабук шинохта

мешавад, имконияти нодири намоиши маҳсулоти худ ва шиносоӣ бо тамоми бастаи маҳсулоти нассоҷӣ, сар карда аз ашёи хом ва таҷҳизот то ба маҳсулоти тайёр мебошад.

Дар намоишгоҳ ҳайъати Тоҷикистонро мушовирони ширкатҳои “Business Consulting Group” (Хуҷанд) ва “ACT Development Group” (Душанбе) раҳнамоӣ мекунанд.

Маркази тиҷорати байналмилалӣ бо мусоидати Ҳукумати Швейтсария ҳадаф дорад, то сатҳи рақобатпазирии соҳаи нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистонро боло барад. Барои иҷрои ин ҳадаф ба корхонаҳои хурду миёна ва ниҳодҳои марбути

пуштибони тиҷорат ёрии вижаи соҳавӣ расонида мешавад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here