Падару писаре дар Душанбе дар иттифоқ бо нафари дигаре ба рӯйи ду навраси 17-сола корд кашида, онҳоро захмӣ кардаанд. Дар ин бора маркази матбуоти ВКД хабар дод.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 54-солаи сокини пойтахт ҳамчун гумонбар дар содир кардани ҷинояти авбошӣ дастгир карда шудааст. Ин мард 5-уми декабри соли 2018, тахминан соати 18:00, дар кӯчаи Ганчарови шаҳри Душанбе, ҳамроҳи писараш, ҷавони 20-солаи сокини ҳамин шаҳр, аз ҳиссиёти авбошӣ тартиботи ҷамъиятиро вайрон карда, бо ду нафар ноболиғ наврасони 17-солаи сокини пойтахт даъво роҳ андохта, бо корди онҳоро захмӣ кардаанд.

Дар натиҷа, ҷабрдидаҳо ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гардидаанд. Барои дастгир кардани нафари дигари гумонбари ин ҷиноят чорабиниҳои опретивӣ-ҷустуҷӯӣ идома дошта, тафиши ҳодисаи мазкур давом дорад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here