Маркази матбуоти ВКД ҶТ доир ба чанд ҷинояте иттилоъ дод, ки дар натиҷаи муноқиша шаҳрвандон бо истифода аз корд ба ҷони одам сӯиқасд кардаанд. Гуфта мешавад, як духтари ноболиғ ва як духтари 20-сола ҳадафи ҳамла қарор гирифтаанд.
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ духтари 17-солаи сокини шаҳри Турсунзода, хонандаи синфи 10-уми яке аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки 17-уми январи соли 2018, тахминан соати 19:00, дар кӯчаи Шестопавлови шаҳри Душанбе марди 24-солаи сокини пойтахт бо ӯ муноқиша карда, бо корд як бор ба қисми дилаш ва маротибаи дуюм ба қисми пушташ задааст. Дар натиҷа ноболиғ, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст. Кормандони милитсия марди номбурдаро ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти сӯиқасд ба куштор дастгир намуданд.
Шаби 17-уми январи соли 2018, тахминан соати 19:00 марди 27-солаи сокини ноҳияи Панҷ ба манзили истиқоматии зани 20-солаи сокини ҳамин ноҳия омада, бо ӯ даъво карда, бо корд як маротиба ба баданаш задааст. Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст. Марди гумонбар ба қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ аз ҷониби кормандони милитсия дастгир карда шудааст.
Марди 34-солаи сокини деҳаи Ноҷии ба ШВКД дар шаҳри Ҳисор шикоят бурдааст, ки 17-уми январи соли 2018, тахминан соати 18:00, марди 25-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ ба шаҳри Ҳисор омада, бо ӯ даъво роҳ андохтааст ва бо корд як маротиба ба баданаш задааст. Дар натиҷа номбурда ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст. Марди гумонбар дар авбошӣ аз ҷониби кормандони милитсия дастгир гардида, тафтишоти ин ҳодиса идома дорад.