Кормандони Хадамоти гумрук дар вилояти Суғд ҳамарӯза пеши роҳи ғайриқонунӣ ворид шудани молу маҳсулотро аз ҷумҳуриҳои ҳамсоя мегиранд. Гумрукчиён дар ду маврид интиқоли ғайриқонунии ангишт ва газро аз ҳудуди Қирғизистон ба вилоят пешгирӣ кардаанд.
3-юми сентябри соли 2017, ҳангоми гузаронидани амалиёти гумрукӣ дар роҳи аватомобилгардии ноҳияи Ҷаббор Расулов аз бордони воситаи нақлиёти тамғаи ЧИНБЕЙ, рақами қайди давлатиаш 37 19 АР 02, таҳти ронандагии шаҳрванд Қ.Х., соли таваллудаш 1987, сокини ноҳияи Спитамен, ҷамоатӣ Янгиҳаёт ба миқдори 3 ҳазор килограмм хокаи ангишти истеҳсоли Ҷумҳурии Қирғизистон дарёфт гардидааст. Ҳангоми пурсиш маълум шудааст, ки хокаи ангишт ба худи ронанда тааллуқ, дошта ин миқдор молро аз минтақаи наздисарҳадии деҳаи Қурғончаи ноҳияи Ҷаббор Расулов, аз як шахси ба ӯ ношинос, ки зимни вайрон кардани қоидаҳои гумрукӣ аз Ҷумҳурии Қирғизистон ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид кардааст, харида мехостааст, онро бебарасмиятдарории гумрукӣ ба ноҳияи Спитамен интиқол ва ба фурӯш барорад.
Ҳамин тариқ дар кирдори шаҳрванд Қ.Х. нишонаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурии дар моддаи 597-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда дида мешавад. Дар асоси гуфтаҳои боло ва бо дастрасии моддаҳои 81, 82 ва 86-и Кодекси мурофиавии ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисабти Қ.Х. мутобиқи моддаи 597-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шудааст.
23-юми август аз ҷониби кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд дар ҳамбастагӣ бо кормандони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд зимни амалиёти муштарак дар шоҳроҳи Гулистон — Хуҷанд аз воситаи нақлиёти тамғаи «Рено» рақами қайди давлатиаш 52 43 СВ 02 РТ таҳти ронандагии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Н.И. 7 ҳазор килограмм гази моеъи истеҳсоли Ҷумҳурии Қирғизистон дарёфт гардидааст, ки ин миқдор ба шаҳрванд С.С., соли таваллудаш 1988, истиқоматкунандаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҷамоати Хизтеварз тааллуқ доштааст. Номбурда ин миқдор молро аз нуқтаи фурӯши сӯзишвории Ҷумҳурии Қирғизистон харидорӣ ва онро бидуни назорати гумрукӣ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷамоати Хизтеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ворид намуда, мехост ба ҳудуди шаҳри Истаравшвн барои фурӯш интиқол диҳад.
Дар вақти санҷиш соҳиби мол нисбати моли дар нақлиёташбуда ягон ҳуҷҷати гумрукӣ пешниҳод карда натавонист.
Ҳамин тавр шаҳрванд С.С. бо ин кирдори худ ҳуқуқвайронкунии маъмурии дар моддаи 577-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини шударо содир намудааст. Дар асоси гуфтаҳои боло ва бо дастрасии моддаҳои 81, 82 ва 86-и Кодекси мурофиавии ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисабати шаҳрванд Б.З. мутобиқи моддаи 597-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шуд.