Клуби футболи «Вахш» (Қруғонтеппа) муассисаи давлатӣ шуд ва акнун номи Клуби футболи «Хатлон»-и шаҳри Бохтарро гирифт.
Дар ин бора раиси шаҳри Қурғонтеппа Абуалим Исмоилзода хабар додааст. Ба гуфтаи ӯ роҳбарияти шаҳр аз тақдири даста, ки вақтҳои охир мушкили молӣ мекашид, ба ташвиш омадаанд ва аз роҳбарияти вилоят хоҳиш кардаанд, ки барои маблағгузории даста аз буҷети шаҳр иҷозат дода шавад. Роҳбарияти вилоят ин дархостро қонеъ кардаанд ва клуб номи худро иваз кардааст. Буҷети яксолаи дастаи «Хатлон»-и Бохтар 1 миллион сомонӣ будааст.
Номгардонии дастаи футбол дар пайи пешниҳоди иваз шудани номи шаҳри Қурғонтеппа ба Бохтар, ки алҳол аз ҷониби парламенти кишвар тасдиқ нашудааст, сурат гирифтааст.
«Вахш» аз клубҳои маъруфти футболи кишвар буд, ки дар Лигаи олии футболи Тоҷикистон баромад мекард. Мухлисони футбол аллакай дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз номгардонии даста ба «Хатлон» изҳори норизоӣ кардаанд.