Дар Душанбе рӯнамоии китоби доктори илмҳои санъатшиносӣ, профессор Аслиддин Низомӣ таҳти унвони «Таърихи мусиқии тоҷик» баргузор гардид, ки дар он ҳаводорони мусиқии ноби тоҷикӣ ва мутахассисони соҳ иштирок карданд.

Дар рӯнамоӣ гуфта шуд, муаллиф бо истифода аз теъдоди хеле зиёди сарчашмаҳои таърихӣ оид ба мусиқӣ ва адабиёти илмии соҳавӣ ҷойгоҳи ҳунари мусиқӣ ва ҷанбаҳои илмии онро дар таърихи зиндагии халқи фарҳангофарини тоҷик таҳқиқ намудааст.

Муаллифи китоб Аслиддин Низомӣ иброз дошт, ки хонанда тавассути ин асар метавонад то андозае дар бораи таърихи пурғановати мусиқии тоҷик маълумот пайло намояд. Дар ин асар ҷойгоҳи мусиқии тоҷик дар тамаддуни миллати тоҷик низ баръало нишон дода шудааст.

«Тайи даҳ соли охир ба навиштани ин китоб машғул будам ва пеш аз ҳама, хостам аз маълумоте, ки аз мо пештар олимони тоҷик, аҷдодони мо доир ба мусиқӣ навишта буданд, ҳарчи зиёдтар рӯи саҳифаи ин китоб оварам»,- гуфт профессор Аслиддин Низомӣ.

Ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Хайриддин Идиев дар ҳамоиш иброз дошт, ки  муҳаққиқи асар донандаи хуби фалсафаи мусиқӣ ба шумор меравад ва тавассути ин рисола нишон медиҳад, ки чӣ тавр санъати мусиқӣ хусусияти ҳирфаӣ касб кардааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here