Рӯзноманигори тоҷик Сипеҳри Кароматуллоҳ роману ҳикояҳои адиби шинохтаи форсу тоҷик Раҳнаварди Зарёбро аз хатти форсӣ баргардон кардааст, ки бо номи “Гулнор ва ойина” бо сарпарастии Ато Муҳаммади Нур дар шаҳри Душанбе ба нашр расид.

Гуфта мешавад, ки роману ҳикояҳои нависандаи забардасти тоҷики Афғонистон Раҳнаварди Зарёб, ки чанде пеш бар асари коронавирус аз дунё рафт, бори аввал дар Тоҷикистон рӯи чопро мебинад.

“Пешгуфтори китобро нависанда ва рӯзноманигори номвари Афғонистони муосир Раззоқи Маъмун навиштааст, ки таҷрибаи шогирдӣ, ҳамкорӣ ва рафоқат бо марҳум Зарёбро дошт. Ҳадафи ман ба мардуми Тоҷикистон ошно кардани ин нависанда, классики зиндаи адабиёти мо буд, ки бо камоли таассуф, дар замони зиндагияш дар Тоҷикистон ба таври зарурӣ ташвиқ нашуд. Ҳоло умедворам, ки аз роману достонҳояш мо ӯро хоҳем шинохт”, — гуфт Сипеҳри Кароматуллоҳ.

Романи “Гулнор ва ойина”, яке аз асарҳои мондагори насри тоҷику форс аст, ки зиндагии пур аз фоҷиа, аммо моломол аз барҷастагиҳои ахлоқиву маънавии як ҳиндудухтари кобулиро ривоят мекунад.

Ҳикоя — достонҳои “Морҳои зери дарахти санҷид”, “Овозе аз миёни қарнҳо”, “Донишманд ва саги ҳамсоя”, “Марди кӯҳистон” ва “Мурғе, ки мурд” кайҳо ба хазинаи тилоии адабиёти тоҷику форс ворид шудаанд ва ривояти инсонҳоеро мекунанд, ки дар ин кишвари мазлум ва ранҷдида оташи инсоният, ҷавонмардӣ ва меҳрубониро афрӯхта нигоҳ медоранд.

Муҳаммадаъзам Раҳнавард Зарёб нависандаи достони кӯтоҳ, рӯзноманигор ва муҳаққиқи адабии маъруфи Афғонистон дар нимаи дуввуми асри 20 ва ду даҳаи асри 21 буд, ки 10 декабри соли гузашта аз маризии “вируси корона” вафот кард.

Зарёб аз классикони зиндаи адабиёти тоҷику форс ба шумор меомад. Аз ӯ даҳҳо роману достон, намоишнома, танзҳо ва мақолоти адабӣ ба мерос мондаанд, ки маъруфтаринашон “Гулнор ва ойина”, “Шаҳри тилисмшуда”, “Марде, ки сояаш таркиш кард”, “Ҳазёнҳои даври ғурбат”, “Гунги хобдида”, “Дарвеши панҷум” ва ғайра мебошанд.

Нашри ин китоб аз сӯи Ато Муҳаммади Нур, яке аз шахсиятҳои барҷастаи сиёсии Афғонистон, сармоягузорӣ шуда, ба ҳаводорони китоб дар Тоҷикистон ба истиқболи 30-солагии истиқлоли Тоҷикистон ройгон ҳадя мешавад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here