Дар сафорати Озорбойҷон бо иштироки рӯзноманигорон брифинг ба хотираи “Январи хунин”-е, ки дар пойтахти ин кишвар, шаҳри Боку ба вуқӯъ пайваста буд ва садҳо тан ҷон дода буданд, баргузор гардид.  

Сафири Озорбойҷон дар Тоҷикистон Ҳасан Мамадзода иброз дошт, ки ҳамасола 20-уми январ дар Озорбойҷон хотираи шахсони фоҷеаи хунин пос дошта мешавад.

— Соли 1990 ба сафҳаи таърих чун мубориза барои истиқлолият ва тамомияти марзии Озарбойҷон шомил шуд, ки қисматҳои низомии артиши Шӯравӣ амалҳои васеътари оммавиро ба муқобили амалҳои зӯроварии Арманистон ва даъвои марзии он ба муқобили Озарбойҷон, бар зидди раҳбарии собиқ Иттиҳоди Шӯравиро рад карданд, — иброз намуд сафир.

Ҳамзамон, дар идомаи суҳбат қайд гардид, ки 29 сол аз ин ҳодисаи хунин сипарӣ гардид, ки то ба ҳол гунаҳкорони ин фоҷиа ба пуррагӣ ба сазои аъмоли худ нарасидаанд. Шаби 19 ва 20-уми октябри соли 1990-ум 40 ҳазор пайравони сарбозони советӣ ба Боку ҳамла карда, кӯчаҳои Бокуро хароб ва садҳо нафар мардуми оддиро қатл карданд. Дар натиҷа, дар ин фоҷеа 170 нафар ҷон дода, зиёда аз 800 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, 841 нафари дигарро ғайриқонунӣ боздошт ва садҳо нафари дигар нопадид шуданд.

— Бештари шаҳрвандон ҳолатҳои равониро таҷриба карданд ва намехостанд зиндагии худро дар Иттиҳоди Шӯравӣ, ки зери роҳбарии Михаил Горбачёв ва режими коммунистӣ буд, сипарӣ намоянд. Аввалин нафаре, ки ба ҳодисаҳои моҳи январ дар Боку баҳогузорӣ намуд, Ҳайдар Алиев буд, ки он замон дар Москва қарор дошт. Суханронии ӯро ҳукумати он замон нодида мегирифтанд, чун он солҳо Алиевро ҳамчун сиёсатмадор мешинохтанд. Он вақт ӯ ва оилааш метавонистанд ба мушкилии ҷиддӣ дучор шаванд, аммо ӯ натавонист дар фоҷиаи кишвараш бетараф бошад.

Фарзонаи Умаралӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here