Даҳ нафар олимони ҷавони Тоҷикистон аз тарафи дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон бо диплом ва туҳфаҳои арзишманди молӣ қадршиносӣ шуданд.

Гуфта мешавад, ки ин иқдом дар идомаи мантиқии сиёсати бунёдкорона ва ҷавонпарваронаи Президенти Тоҷикистон, раиси ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон сурат мегирад. Олимони ҷавоне, ки аз тарафи ҲХДТ бо диплом ва туҳфаҳои молӣ қадршиносӣ гардиданд, дар ташаккул ва рушди илмҳои муосири тиббӣ, техникӣ, дақиқ ва бунёдӣ саҳми намоёну шоиста доранд.

Ихтироот, нахустпатент ва гувоҳномаҳои муаллифии ин олимони ҷавон аз тарафи Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва созмонҳои байналмилалӣ ба қайд гирифта шуда, сазовори баҳои баланд гаштаанд. Ҳамаи ихтироотҳои ин олимони ҷавони Тоҷикистон аллакай дар истеҳсолот татбиқ шудаанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here