15-уми декабр Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ба дари дафтари яке аз ширкатҳои бузурги алоқа дар кишвар – «Вавилон» (Вавилон-М ва Вавилон-Т) мӯҳр задааст. Дар ин бора АИ «АП» хабар дода, навишт, ки Хадамоти алоқа ин амалро дар ҷавоб ба дар сари вақт қатъ накардани хизматрасонии NGN дар IP-суроғаҳои хориҷӣ роҳандозӣ кардааст.

Гуфта мешавад, ки дафтари асосии ширкат, ки дар он маркази хизматрасонӣ ба муштариён, маркази пайвастшавӣ ва дигар хизматрасониҳо ҷой доранд, баста шудаанд. Айни замон ширкат наметавонад, ки бо воситаи марказҳои худ ба муштариён хизмат расонад, аммо дастрасӣ ба интернет, алоқаи мобилӣ ва дигар хизматрасониҳои ин ширкат фаъоланд ва чун ҳарвақта кор мекунанд.

Ширкатҳои дигаре, ки дар ин бахш фаъолият мекунанд, бо чунин мушкилӣ рӯ ба рӯ нашудаанд.

Акс аз АП

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here