Мудири бунгоҳи хабарии МТЖ дар водии Зарафшон, хабарнигори «Фараж» Шоҳин Облоқулзода дар озмуни «Хомаи созанда» сазовори ҷои аввал ва мукофоти пулӣ гардид.
Хабарнигори МТЖ Шоҳин Облоқулзода дар бахши матбуоти чопӣ ва электронӣ дар номинатсияи проблемаҳои актуалии ҷомеа дар байни рӯзноманигорон сазовори ҷои аввал гардид.
Рӯзноманигоронро иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода шахсан бо дипломҳои Мақомоти иҷроияи маҳалии вилояти Суғд ва мукофотҳои пулӣ табрик ва тақдим намуд.
Озмуни «Хомаи созанда» ҳамасола дар вилояти Суғд байни рӯзноманигорони вилоят гузаронида мешавад ва дар он ҳудуди 100 рӯзноманигори расонаҳои мустақилу давлатии вилоят ширкат менамоянд. Озмуни мазкур ба хотири қадрдонии рӯзноманигорон ҳанӯз 4 сол қабл ташкил гардида, буҷети он 150000 сомониро ташкил медиҳад ва ягона озмуни бузург дар кишвар дониста мешавад.
Он ҳамасола дар охири сол ҷамъбаст мегардид, аммо имсол ҷамъбасти озмуни «Хомаи созанда» дар рӯзи нишасти матбуотии иҷрокунандаи раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода рост омад.
Хуршед Фозилов