Акнун, аснои интиқоли маблағҳои онлайн тавассути сомонаи расмии  Tcell, шумо на фақат комиссия намесупоред, балки соҳиби кешбэк ба андозаи 0,5% аз ҳаҷми интиқол мешавед.

Оператори пешсафу навовари кишвар — ширкати Tcell ва «Алиф» хизматрасонии интиқоли онлайнии маблағҳоро пешниҳод менамоянд: https://www.tcell.tj/services/alif-payments/. Дар давраи аз моҳи август то октябр, ҳар нафар, ки тавассути ин сервис маблағ интиқол медиҳад, аз маблағи умумии интиқол соҳиби кешбэк дар ҳаҷми 0,5% мегардад.

Бо воситаи ин сервис аз ҳама намуди кортҳои бонкии русӣ (Visa/MasterCard/МИР) ба Тоҷикистон ба кортҳои «Корти Миллӣ», ба ҳама бонкҳо ва ё ҳамёни alif.mobi маблағ ирсол кардан мумкин аст.

Маблағи интиқолёфта дар давоми чанд сония бе ягон комиссия ва бо қурби фоидаовар ба корт мегузарад.

Бартарияти асосии сервиси мазкур– ба таври онлайн фаъол будани он аст. Сервис шабонарӯз кор мекунад. Барои анҷом додани интиқоли маблағ (ирсоли пул) ба бонк ташриф овардан зарурат надорад ва мунтазир ҳам намемонед, ки маблағ кай ба суратҳисобатон мегузарад.

Фақат зарур аст, ки ба сомонаи расмии Tcell ворид шавед ва бо чанд клик ба ҳисоби наздикону пайвандонатон пул гузаронед.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here