Аз ҷониби хизматчиёни ҳарбии Қушунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ автомашинаҳои боркаши тамғаҳои «Портер» — 11 адад, «ЗИЛ» -1 адад, «Газел»- 2 адад, 6 адад автомашинаи боркаши тамғаи “Мерседес” дастгир карда шудааст.

Аз маркази матбуоти ин ниҳод ба «Фараж» иттилоъ дода гуфтанд, ки ин мошинҳо аз ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон ва Қирғизистон идора шуда, ҳангоми убури ғайриқонунии сарҳади давлатӣ мехостанд аз Ҷумҳурии Қирғизистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мол ворид кунанд.

Манбаъ гуфт, боздошти автомашинаҳо моҳи августи соли равон зимни чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ доир ба пешгирии интиқоли молҳои пастсифати сохтмонии ниёзи мардум ва убури ғайриқонунии марзи давлатӣ дар минтақаи сарҳадии вилояти Суғд, аз ҷумла ноҳияҳои Ҷаббор Расулов, Бобоҷон Ғафуров, Ғончӣ ва шаҳри Исфара сурат гирифтааст.

Гуфта мешавад, қочоқбарон бо роҳҳои берун аз нуқтаҳои гузаргоҳи сарҳадӣ, бе ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда, бе супоридани боҷи гумрукӣ, бо мақсади ба даст овардани даромади муфт, мехостанд вориди Тоҷикистон шаванд.

Дар вақти азназаргузаронии воситаҳои нақлиётҳои боркаш, аз бордони автомашинаҳо ба миқдори 16 000 кг меваи хушки зардолу, 400 кг маҳсулоти сабзавотӣ, 1250 кг нурии минералии навъи силитра, 1500 адад тунукаи алюминий, 17 тоннаю 500 кг маводи сӯзишвории ангиштсанг, 1000 литр маводи сӯзишвории дизелӣ, беш аз 15 м3 маҳсулоти сохтмонии тахта ва дигар маҳсулот дарёфт ва мусодира карда шудааст.

«Пас аз тартиб додани ҳуҷҷатҳои аввалиндараҷа дастгиршудагон бо автомашинаҳо ва борҳои дохили автомашина ба мақомотҳои интизомии дахлдори вилояти Суғд супорида шуданд».

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here