Майдони гази нав дар минтақаи Минораи ноҳияи Мурғоби вилояти Марв (Марӣ) дар ҷануби Туркманистон кашф шудааст. Дар пайи кандани чоҳ ба чуқурии 4750 метр дар майдони нави Минора захираи саршори газ кашф шудааст.

Зарфияти танҳо як чоҳи кашфшуда дар майдони нави газ дар ҷануби Туркманистон зиёда аз як миллион метри мукааб дар як шабонарӯз истихроҷ будааст.

Коршиносон ва муҳандисони саноати нафт ва гази Туркманистон дар ҳоли баррасии мизони дақиқи захираҳо ва низ таркиботи химиявӣ ва махсусиятҳои дигари майдони нав мебошанд.

Дар ҳоли ҳозир дар Туркманистон беш аз 180 майдони фаъоли нафту газ мавҷуд мебошад, ки захираҳои танҳо майдони бузург гази Галкиниш, воқеъ дар наздики майдони гази мазкур, дорои зарфияти тавлиди 30 миллиард метри мукааб дар як сол мебошад. 

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here