Дар нишасти клуби мубоҳисавии «Валдай» президенти собиқи Давлати исломии Афғонистон Ҳамид Карзай ширкат кард ва дар мавриди вазъияти кунунии минтақаи Ховари Миёна сӯҳбат орост.

Вай гуфт: «Афғонистон кишвари миёнараве буд. Мо мусулмон будем, мусулмонҳои мӯътақиди ҳам будем, аммо ифротгаро набудем, аммо Иёлоти муттаҳида ва эътилофчиёнаш барои шикаст додани СССР ифротгароиро вориди Афғонистон карданд». Карзай афзуд: «Онҳо он замон мегуфтанд, ки Иёлоти муттаҳида то охирин сарбози афғонистонӣ дар баробари Шӯравӣ меҷангад».

Президенти собиқи Афғонистон гуфт то замоне, ки мардум ва кишварҳои мухталиф дар Афғонистон ҳамкорӣ мекарданд, ин кишвар дар ҳоли пешрафт буд, аммо сиёсатҳои Америка, аз ҷумла бомбаборони рустоҳо ва зиндонӣ кардани мардум, боис шуд, то афғонистониҳо эътимоди худ ба Вашингтонро аз даст диҳанд. Карзай гуфт: «Имрӯз ман яке аз муҳиммтарин мунтақидони сиёсати Иёлоти муттаҳида дар Афғонистон ҳастам. На ба ин далел, ки ман зиддиғарбӣ ҳастам, ман фарди бисёр ғарбӣ ҳастам, таҳсилотам ғарбӣ аст, тафаккуротам ғарбӣ аст, ва зотан демократику ошиқи фарҳанг онҳо ҳастам». Вай афзуд: «Аммо мухолифи сиёсат онҳо ҳастам, чун шикаст хӯрдааст, чун мушкилоти зиёде ба бор овардаву боиси густариши ифротгароӣ ва терроризм шудааст».

Карзай идома дод: «Ман мухолифи сиёсати Иёлоти муттаҳида ҳастам, чун бо вуҷуди ҳузури Иёлоти муттаҳида ва бо ин ки ҳарими ҳавоии Афғонистон дар ихтиёри ин кишвар аст ва бо вуҷуди тамоми имконоте, ки як абарқудрат ва сервисҳои иттилоотии Афғонистон дар ихтиёр доранд, ДИИШ баъд аз 14 соли ҳузури ИМА дар Афғонистон зуҳур кардааст».

Ӯ бо баён ин, ки ба Америка тавсия мекунад, ки «ба шикаст эътироф кунад», гуфт: «ин савол матраҳ аст, ки оё Америка воқеан дар ҳоли мубориза бо терроризм аст, ё ин тавр вонамуд мекунад?».

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here