Бино ба иттилои ВАО раиси Созмони муҳоҷирони ИДМ Каромат Шарифов, ки бо ҳукми суд шиносномаи русиаш ботил ва қарори берун шудани ӯ аз Русия содир шуда буд, ба Тоҷикистон «депорт» шудааст.

Гуфта мешавад, ки шаби гузашта аз боздоштгоҳи Егоревск ба дастони Каромат Шарифов завлона зада, тариқи фурудгоҳи Домодедовои Маскав бо ҳавопаймои ширкати «Сибир” ӯро ба Кӯлоб фиристодааанд. Дар фурудгоҳи Кӯлоб низ ба ВАО иттилоъ додаанд, ки Каромат Шарифов дар байни мусофирони ҳавопаймое, ки соати сеи шаб дар инҷо фуруд омад, буд. Сарнавишти минбаъдаи ӯ маълум нест.

Суди минтақаи Любертски вилояти Маскав дар ҳукме раиси собиқи созмони муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия Каромат Шарифовро ба нақзи қонунҳои ин кишвар муттаҳам ва ҳукми «депорти» вай ба Тоҷикистонро содир кард.

Бинобар ҳукми ин суд, раиси собиқи созмони муҳоҷирони кории тоҷик ба нақзи қонунҳои муҳоҷират ва ба даст овардани ғайрқонунии тобеият ва шиносномаи шаҳрванди Русия муттаҳам ва ба пардохти ҷарима ба маблағи 5 ҳазор рубл ва ихроҷ аз ин кишвар маҳкум шудааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here