Дар хабар аст, ки капитани клуби футболи «Истиқлол»-и Душанбе ва ниммуҳофизатгари дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон Фатҳулло Фатҳуллоев ба клуби футболи «Бухоро»-и шаҳри Бухорои Узбекистон мегузарад.
Дар ин бора сањифањои варзишии шабакањои иҷтимоӣ хабар дода, алъон овоза будани онро таъйид мекунанд, аммо ба гумони ғолиб ин бозигар ба ин даста даъват шудааст. Гап дар сари он аст, ки ин клуб ба тозагӣ сармураббиашро нав кард ва ба ин вазифа мутахассиси тоҷикистонӣ Муҳсин Муҳаммадиевро таъйин кард. Вазъи ин даста дар Суперлигаи Узбекистон хуб нест, аз ин рӯ шояд Муҳаммадиев барои пурзӯр кардани даста ба бозигари ошно умед баста бошад.
Дастаи «Бухоро», ки онро мутахассиси тоҷик Муҳсин Муҳаммадиев роҳбари мекунад, дар даври 13-уми чемпионати Ӯзбекистон пирӯз шуд. Футболбозони «Бухоро» дар ин давр дастаи «Андиҷон»-ро бо ҳисоби 1:0 мағлуб карданд. Голро Беҳрӯз Шодмонов аз зарбаи ҷаримавӣ ба самар расонд. Дастаи Муҳсин Муҳаммадиев бо ин ғалаба аз «Андиҷон» пеш гузашта, зинаи 12-уми ҷадвалро ишғол кард. Қабл аз ин дастаи «Бухоро» бо роҳбарии мутахассиси тоҷик аз дастаи «Пахтакор» ва «Навбаҳор» дар доираи чемпионат ва аз «Андиҷон» дар доираи даври 1/16-ниҳоии Ҷоми Узбекистон ба бохт дучор омада буд.