Субҳи имрӯз, 24-уми январ, дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 28-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе сӯхтор сар зад, ки хисороти молӣ дар пай дошт.

Бино ба маълумоти Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе оташсӯзӣ дар утоқи кории директори мактаб рух додааст. Ба гуфтаи манбаъ, алҳол тафтишот идома дорад ва зарари расида муайян карда мешавад. Дар сӯхтор чанде аз ҷиҳоз, аз қабили нармкурсӣ, курсиҳо, миз ва дигар ашё сӯхтаанд. Сабабҳои оташсӯзӣ то ҳол муайян нест.

Ин дар ҳолест, ки тибқи маълумоти ғайрирасмӣ, оташсӯзӣ аз ноқилҳои компютери камераи мушоҳидавӣ, ки дар утоқи директори мактаб гузошта шудааст, ба вуҷуд омадааст.

Гуфта мешавад, дар сӯхтор ягон нафар зарар надидааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here