Баъди нисфирӯзии рӯзи 18-уми март дар масири шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд дар наздикии деҳаи Хуррамшаҳри ноҳияи Шаҳристон садамаи мудҳиш ба амал омад. Маркази матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода иттилоъ медиҳад, дар масири мазкур автомобили тамғаи “Опел Зефира”, ки аз ҷониби Иброҳимов Мамадризо идора мешуд, ба автомашинаи тамғаи “Дулан”-и истиқоматкунандаи шаҳри Бохтар бармехӯрад.
Дар натиҷаи садама ронандаи “Опел Зефира” ва панҷ мусофири дигар Раҳимов Икромҷон соли таваллудаш 1978, сокини шаҳри Исфара, Эргашев Абдуғафур соли таваллудаш 1999, сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов, Файзаев Маҳмадсаид соли таваллудаш 1978, сокини шаҳри Ваҳдат, Сайфуллоева Гулсуной соли таваллудаш 1976, сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов ва Назаров Фаррух соли таваллудаш 1999, сокини ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон дар макони ҳодиса ба ҳалокат расиданд.
Сабабҳои ҳодиса аз тарафи мақомот муайян мешаванд.