Аз хадамоти матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда хабар доданд, ки 17-уми апрел, соати 20:58, ба ин ниҳод иттилоъ расидааст, ки боми оҳану бетонии зинапояи ошёнаи панҷуми бинои 7, М4, кӯчаи Испечак 1-и ноҳияи Синои пойтахт, ки дар пушти тарабхонаи Шаҳриёр воқеъ аст, фурӯ рехтааст.
26 нафар аз гурӯҳи наҷотдиҳандагони Маркази таъиноти махсуси кофтуковӣ-наҷоти КҲФ ва Дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати ин ниҳод соати 21:01 ба ҷои ҳодиса ҳозир шудаанд.
Дар натиҷаи фаъолияти ҷустуҷӯии гуруҳи наҷотдиҳандагон 72 нафар истиқоматкунандаи бинои мазкур аз ҷойи ҳодиса берун оварда шуда дар хонаҳои ҳамсоягон ва хешовандонашон ҷойгир шудаанд.
Рӯзи 18-уми апрел, соати 05:52-и субҳ аз ҳисоби гурӯҳи наҷотдиҳандагони тамоми ниҳодҳои марбутаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, ки бо техникаи махсус муҷаҳҳазонида шудаанд, ба ҷои ҳодиса сафарбар гардида, бетонҳои шикастаро бардошта, биноро тоза карда ба ҳолати бехатар баргардонидаанд. Пас аз ин сокинон ба хонаҳои истиқомати худ баргаштанд.