Рӯзи 20-уми апрел бар асари беэҳтиётӣ ду шаҳрванди ҷумҳурӣ дар оби дарё ғарқ шуда ба ҳалокат расидаанд. Тибқи иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ субҳи 20-уми апрел шаҳрванди 48-солаи шаҳри ҳисор ҳангоми моҳидорӣ дар дарёи Кофарниҳон аз заврақ сарозер шуда, ғарқ мешавад. Ҷустуҷӯйи шабонарӯзӣ то ҳол ба наҷотдиҳандагон имкон надодааст, ки ҷасади ғарқшударо пайдо кунанд.

Сокини дигар аз ноҳияи Рашт, субҳи 19-уми апрел бо қасди худкушӣ худро ба дарёи Сурхоб партофтааст. Ба наҷотдиҳандагони ниҳоди мазкур даст додааст, ки нисфирӯзии дирӯз ҷасади ҷавони бистсоларо дар наздикии деҳаи Лойобод пайдо карда, ба мақомот супоранд. Сабаби худкушии ҷавон то ҳол муайян нашудааст.

Дар ҳамин ҳол, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз сокинон дархост кардааст, ки ҳангоми баланд гардидани оби дарё аз наздик шудан ба соҳили он худдорӣ карда, аз чораҳои пешгирикунанда кор гиранд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here