Тибқи маълумоти Агентии обу ҳавошиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 то 26-уми марти соли равон дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳаво ноустувор хоҳад буд, боронҳои шадид меборанд, раъду барқ ва бориши жола низ дар назар дошта шудааст.

Мувоффиқи гуфтаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода бориши шадид дар маҳалҳои кӯҳӣ ва талу теппаҳо метавонад боиси ҳаракати хок шавад ва сатҳи обро дар рӯдхонаҳо ва кӯлҳо боло барад. Боронҳои шадид хавфи лағзиши тарма ва резиши сангро афзун мекунанд. Ҳамзамон,  кори чорвопарварон ва заминкорон ба мушкил рӯ ба рӯ хоҳад шуд. Бахусус, дар ин гуна ҳолатҳо чорвочаронӣ дар саҳро хатарро бештар мекунад.

Болоравии сатҳи оби дарёҳо ва кӯлҳо метавонад заминҳои соҳилро зери об кунад, ҳамчунин хавфи канда шудани сарбандҳо аз эҳтимол дур нест.

КҲФ ба шаҳрвандон ва саёҳони кишвар тавсия медиҳад, ки дар ин гуна ҳолатҳо дар назди обанборҳо ва соҳилҳои пурхурӯши дарёҳо моҳидорӣ накунанд.

Ба шаҳрвандон тавсия дода мешавад, ки одитарин қоидаҳои бехатарии шахсиро риоя кунанд, аз рафтан ба кӯҳҳо, аз сафар кардан дар минтақаҳои хавфнок худдорӣ кунанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here