Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании (КҲФ) Тоҷикистон, дар якҷоягӣ   бо Агентии обуҳавошиносии кишвар аз хатари фаромадани тарма дар роҳҳои дурдасти кӯҳистон иттилоъ доданд.

Бино ба иттилои сардори  Маркази миллии иттилоотии КҲФ Умеда Юсуфӣ дар давоми 24 соати шабонарӯзи гузашта  44 ҳодисаи тармафароӣ дар ноҳияҳои Рӯшон, Роштқалъа, Шуғнон ва Ишкошим, инчунин 4 ҳодисаи тармафароӣ дар ноҳияи Тоҷикобод ба қайд гирифта шудааст.

“Гурӯҳҳои  КҲФ бо мақсади таъмини бехатарии ронандагон дар роҳҳо ва расонидани кӯмаки фаврӣ дар ҳолатҳои фавқулодда 24 соат ёрии худро мерасонанд. Барои тоза кардани роҳҳо аз тарма аз ҷониби  Вазорати нақлиёт ва филиали ширкати IRS таҷҳизоти махсус ҷудо карда шуд”, — иттилоъ медиҳад манбаъ.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон бори дигар ҳамаи шаҳрвандонро аз хатари тармафароӣ дар роҳҳои кӯҳистон огоҳ намуда, аз ҳамаи аҳолӣ хоҳиш кардааст, ки бе зарурият сафар накунанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here