Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе овозаҳо дар мавриди сохтмони бинои истиқоматӣ дар замини қабристони маҳаллаи Авулро рад карда мегӯяд, ки ин иқдом танҳо ба хотири тозаву озода кардани ин мавзеъ гирифта шудааст.

Мудири бахши танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии ноҳияи Сино Муҳаммадсаиди Шарофиддин дар суҳбат бо faraj.tj гуфт, оромгоҳи маҳаллаи Авул аз куҳнатарин қабристонҳои шаҳри Душанбе ба ҳисоб меравад ва бо сабаби набудани ҷой аз соли 1974 гӯр кардани ҷаноза дар он манъ шудааст. Бино ба гуфтаи ин масъул, тасмими тоза кардани ин мавзеъ шахсан аз ҷониби ӯ гирифта шудааст. Чун пешниҳодро ба роҳбарият расондааст, он дастгирӣ ёфтааст.

— Рӯзе аз ин макон гузар мекардам, манзараи бисёр нороҳаткунандаеро мушоҳида кардам. Ин мавзеъ на оромгоҳ, баръакс макони амалҳои бади баъзе ҷавонон гаштааст. Аз ҳудуди ин манзилгоҳ писару духтареро дидам, ки берун шуданд. Баъдан, ба дохил даромадам, ки ҷангали анбуҳеро мемонад. Ифлосиҳо зиёд, ҳатто сӯзандорӯву дигар чизҳоро низ мушоҳида кардам. Роҳбарияти ноҳия пешниҳодро бо Шӯрои уламои маркази исломии Тоҷикистон мувофиқа кард. Фатвои уламои кишварро ҳам дар даст дорем, ки тибқи он пас аз гузаштани 40 сол аз охирон майити дафншуда мешавад, заминро ба дигар мақсад истифода кард, — гуфт М. Шарофиддин.

Ба қавли мудири бахши танзими ноҳияи Сино, кандану ба қабристони маҳаллаи Зарафшон бурдани устухонҳои ҷасадҳо тасмими худи пайвандонашон будааст.

— Ҳафтае қабл бо сокинони маҳаллаи Авул барои аз ҳама гуна ифлосиҳову алафу буттаҳои худрӯй тоза кардани оромгоҳ тариқи ҳашар маҷлис гузаронидем. Онҳо пешниҳод намуданд, ки агар имконият бошад, боқимондаи ҷасадҳоро ба қабристони маҳаллаи Зарафшон кӯчонем ва ин мавзеъро ҳамвору обод шавад. Мо ин пешниҳоди аҳолиро ба Шӯрои уламои Тоҷикистон мувофиқа кардем ва иҷозат дода шуд, — иброз дошт масъули танзим.

Фатвои Шӯрои уламои кишвар барои аз байн бурдани қабристон бо гузашти 40 сол пас аз охирон майити гуронидашуда дар ҳолест, ки дар ин макон ҷасадҳои нафарони замони ҷанги шаҳрвандии соли 1992 кушташуда низ хок шудаанд ва аз он замон ҳамагӣ 26 сол сипарӣ шудааст.

Шӯрои уламои маркази исломии Тоҷикистон бо вуҷуди зангҳои бешумори мо дар рӯзи гузашта ва ирсоли нома то ҳануз дар робита ба ин масъала ибрози назар накардааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here