Як зани 31-солаи зодаи ноҳияи Ёвон дирӯз, 27-уми сенябр, бо духтари 9-солааш дар ҳудуди шаҳри Норак худро ба дарёи Вахш андохтааст, ки дар натиҷа модару духтар ба ҳалокат расидаанд.
Сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон Сулаймон Исозода дар суҳбат ба “Фараж” гуфт, ки дирӯз, 27-уми сентябр, зани-31 солаи сокини ноҳияи Ёвон ба шаҳри Норак рафта, худ ва духтари 9-солаашро ба дарёи Вахш андохтааст.
Ӯ иттилоъ дод, ки ин ҳодиса соати 15-и рӯзи гузашта рух додааст ва пас аз ним соати ҳодиса кормандони ситоди ҳолатҳои фавқулодаи шаҳри Норак ҷасади зан ва духтарчаи нуҳсолаашро пайдо кардаанд. Ҳоло ҷасади зан бо кӯдакаш дар сардхона аст.
— Сабаби ба ба чунин амал даст задани ин зан ҳоло маълум нашудааст, — илова кард номбурда.