Орзуи ягонаи мардуми ноҳияи Ёвон ин бунёди осорхонаи замонавӣ мебошад, зеро осрхонаи таъриху кишваршиносии ноҳияи Ёвон ҳоло дар ҳоли пурраи садамавӣ қарор дорад.
Директори осорхонаи мазкур Ифтихор Мирзоев гуфт: «Имрӯз осорхонаи ноҳия аз сабаби садамавӣ будан фаъолият надорад ва ҳукумати ноҳия ният дорад бинои Амонатбонки ноҳияро ба осорхона табдил диҳад».
Ба гуфти ӯ дар ин осорхона 206 нигора гирд оварда шуда ҳифз мешаванд, ки дорои таърихи қадима ва ҳикояткунандаи таърихи тулонӣ доштани Ёвон аст.
Дар ҳамин ҳол Парвина Мансурова, роҳбалади осорхона, изҳор дошт, ки тӯли 3 сол аст, осорхона фаъолияти комил надорад ва аз сабаби садамавӣ будан танҳо то нисфирузӣ кор мекунаду халос, зеро вуруд ба ин бино манъ карда шудааст. Кормандони он ба хотири аз байн набурдани воҳидҳои корӣ то нисфирӯзӣ ба кор машғул мешаванд.
Ин ҳама дар ҳолест, ки Рустам Шарифзода мудири бахши фарҳанги ноҳия чанде қабл гуфта буд, ки бо дастгирии раиси ноҳия дар марказ осорхонаи замонавӣ бунёд хоҳад шуд, лекин ин тасмим то ҳануз ҳалли худро пайдо накардааст.
Коршиносони соҳа мегуянд, осорхона инъикоскунандаи таърихи ниёгони ҳар халқу миллат аст. Ҳар шахе, ки ба осорхона ворид мегардад, бешубҳа аз рӯзгори қадимаи халқи худ огоҳ мегардад ва ҳиси худшиносиаш боло меравад. Аз ин рӯ, ҳифзу нигаҳдории мероси гаронарзиши милат вазифаи ҳар нафари меҳанпарсту ватандӯст аст. Маҳз аз ин хотир осорхонаро ойинаи рӯзгор мегуянд, вале дидани ҳолати бинои осорхонаи ноҳияи Ёвон моро ранҷур кард, зеро бинои ин макон соли 1982 сохта шуда, имрӯз дар ҳолати комилан садамавӣ қарор дорад.
Барои бунёди осорхона ҳукумати ноҳияи Ёвон, Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон ва Вазорати фарҳанги кишварро зарур аст, ки сари ин масъала чора ҷӯянд.
Раҳмоналӣ Додархӯҷаев